ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ЛИТВА

Май 19, 2009 12:16

                        Вилнюс, 19 май. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — 17 май дар Ҷумҳурии Литва интихоботи президент баргузор гардид. Дар он яке аз сиёсатмадорони машҳури мамлакат Даля Грибаускайте ғолиб омад, ки қабл аз ин дар вазифаи намояндаи Комиссияи Аврупо дар масъалаҳои буҷет ва барномасозии молиявӣ кор мекард. Бештар аз 70 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории ӯ овоз доданд. Д.Грибаускайте дар вазифаи президенти ҷумҳурӣ Валдас Адамкасро иваз менамояд, ки дар давоми ду мӯҳлат ба мамлакат сарварӣ кардааст.                        Даля Грибаускайте дар шаҳри Вилнюс таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Ленинградро бо ихтисоси «иқтисодиёти сиёсӣ» хатм кардааст. Ӯ дар оғози солҳои 90 — уми асри гузашта дар системаи Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст. Аввали солҳои 2000 — ум аввал муовини вазир ва баъд вазири молия таъин гардид.                        Литва соли 2004 узви Иттиҳоди Аврупо гардид. Дар робита Д.Грибаускайте намояндаи Комиссияи Аврупо дар масъалаҳои буҷет ва барномасозии молиявӣ интихоб шуд.                        Хабар дода мешавад, ки маросими савгандёдкунии Президенти нави Литва 12 июл баргузор мегардад.

Май 19, 2009 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид