ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД

Май 28, 2009 14:28

                         Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул бегоҳии имрӯз барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯ зимни сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир Оқил Оқилов, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев мулоқот хоҳад кард. Дар фарҷоми ин мулоқотҳо силсилаи ҳуҷҷатҳо имзо карда мешаванд.                        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Туркия баъдан ба шаҳри Турсунзода рафта, бо фаъолияти Ширкати алюминии Тоҷикистон шинос мегардад. Инчунин, боздиди Абдулло Гул аз Литсейи муштараки Тоҷикистону Туркия ба номи Ҳоҷикамол ва мулоқоти ӯ бо туркҳои сокини Тоҷикистон, инчунин, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешаванд.                        Президенти Туркия 29 май дар мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия иштирок хоҳад кард.                        Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳамроҳи Президенти Туркия бештар аз сад нафар соҳибкорону тоҷирони ин мамлакат ба Душанбе меоянд.                       Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омор, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Туркия соли гузашта қариб 500 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод.  Ин ба 10,7 фоизи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ баробар аст. Маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар дар давоми чор моҳи аввали соли 2009 ба 54 миллиону 787 ҳазор доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,3 фоиз зиёд мебошад.

Май 28, 2009 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд