РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

Май 20, 2009 14:13

                      Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз, 20 май дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Тантанаи гимни хирад» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ гузаронида шуд. Дар конфронс иштирокчиён дар бораи тарбияи хирад ва хирадмандӣ дар афкор ва андешаҳои Абулқосим Фирдавсӣ, аҳамияти «Шоҳнома»-и ӯ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, фароҳамоварӣ, ҳифзу нигохдорӣ ва тарғиби осори устод дар Китобхонаи миллӣ маърӯза хонданд.                      Дар доираи кофронс намоиши китобҳо муаррифӣ гардид. Дар он беш аз 200 китоб ва мақолаю маҷаллаҳо доир ба осори А. Фирдавсӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Май 20, 2009 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд