РОҲИ МУРҒОБ БАСТА ШУД
Бадахшон, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Мавсими имсолаи истифодаи роҳи Қулма-Мурғоб оғоз гашт. Мошинҳои пурбор ағбаи хеле баланди Қулмаро паси сар карда, вориди ноҳияи Мурғоб гардиданд, аммо дар ин ҷо сахт дармонданд. Тавре навбатдори Раёсати гумруки назди Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ дар Бадахшон лейтенанти хадамоти гумрукӣ Шодӣ Султоншоев иттилоъ дод, бар асари боронгариҳо ва шиддати шамол, ки барфро аз замин дар масофаи даҳҳо метр бар ҳаво бардошта, баъдтар рӯи роҳи мошингард гирд меовард, роҳ маҳкам шуд. Роҳ махсусан, дар мавзеи Муҳаммадзоҳир ва ағбаи Кӯҳтезак хеле вайрону валангор гаштааст. Техникаи пукриқтидори роҳсозӣ шабу рӯз кор мекунанд. Аммо шамолҳои сахт имкон намедиҳанд, ки мошинаҳо роҳи худро идома диҳанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






