СӮҲБАТИ А.МЕРНИЕ БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз чошти имрӯз бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ Андре Мерние мулоқот кард. А.Мерние баъди анҷоми мулоқоташ зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон зикр намуд, ки мулоқоташ бо Сарвари давлати Тоҷикистон мароқовар ва пурмӯҳтаво буд. «Мо бо Президенти мамлакати шумо чандин сол боз ҳамкорӣ мекунем ва ин ҳамкорӣ ба ақидаи ман дар давоми ин солҳо самарабахш буд. Ман зикр намудам, ки аз проблемаҳои Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ба хубӣ огоҳам. Бинобар ин Созмони аҳдномаи энергетикӣ тайёр аст ба Тоҷикистон дар ҳалли онҳо кӯмак расонад. Ман, инчунин, ақидаи худро дар бораи барномаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Афғонистону Покистон дар соҳаи энергетика баён намудам», гуфт А.Мерние. Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ ба тадбирҳои роҳбарияти Тоҷикистон дар масъалаи истифода бурдани чароғакҳои каммасрафи барқӣ баҳои мусбат дод. Иттиҳоди Аврупо низ айни ҳол чунин роҳи сарфа кардани қуввваи барқро пеш гирифтааст. Ман ба ҷаноби Президент гуфтам, ки иқдоми роҳбарияти Тоҷикистон дар соҳаи таъмини самаранокии истифодаи қувваи барқ натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Мо воситаҳои техникие дорем, ки ба Тоҷикистон барои боз ҳам бештар сарфа кардани қувваи барқ кӯмак расонда метавонанд, зикр намуд Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ. Меҳмон дар ҷавоби саволи хабарнигорон дар бораи имкониятҳои миёнаравии созмон дар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ изҳор намуд, ки ба расондани кӯмак дар ин масъала омода мебошад. Ҳалли ин масъала аз бисёр ҷиҳат ба мавқеъ ва иродаи сиёсии ҳар ду мамлакат вобаста аст, гуфт вай. Дар фарҷоми сӯҳбат қайд карда шуд, ки А.Мерние рӯзҳои наздик ба Ӯзбекистон меравад ва ин масъаларо бо роҳбарияти ин мамлакат мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






