САДАМА ДАР РОҲИ ВАҲДАТ

Май 13, 2009 16:40

                     Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре аз дафтари матбуоти БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel-Vektra» Нуралӣ Қурбонов, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат дар километри 19, шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба автомашинаи тамғаи «Opel-Astra» таҳти идораи ронанда Дилшод Қосимов бар мехӯрад. Дар натиҷа худи ронандагони автомашинаҳо ва 5 нафар мусофирони онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат бистарӣ мегарданд.                     Аз дафтари матбуоти БДА инчунин иттилоъ доданд, ки 6 майи соли ҷорӣ тахминан соати 17 ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel-Vektra» Сафаралӣ Алиназаров ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ҷ. Румӣ ба самти ноҳияи Вахш дар наздикии деҳоти Оққурғон, велосипедрони ноболиғ Муродалӣ Назаров, соли таваллудаш 1995, хонандаи синфи 6 — ро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Май 13, 2009 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар