САФАРИ ҲУНАРИИ ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК

Май 6, 2009 10:31

               Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дастаи ҳунарии «Гулшан» ва гурӯҳи раққосони «Зебо» ба сафари дарозмуддати ҳунарӣ ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Федератсияи Русия тайёрӣ мебинанд. Сафари ҳунарии онҳо 27 май таҳти унвони «Ситораборони Машриқзамин» шурӯъ мегардад.               Ҳунарпешагони тоҷик сафари ҳунарии худро аз ҷумҳурии Тотористон шурӯъ менамоянд. Баъд тамошобинони ҷумҳуриҳои Чувашистон, Бошқирдистон, вилояти Самара ва ҷумҳуриҳои шимоли Қафқоз ба ҳунарнамоии мутрибону овозхонон ва раққосони тоҷик кафкӯбӣ хоҳанд кард.               Ҳунарпешагони тоҷик зимни сафар ба тамошобинон рақсу сурудҳои тоҷикию эронӣ, афғонӣ, арабӣ, туркӣ ва ҳиндиро пешкаш менамоянд.               Сафари ҳунарии мазкурро Иттиҳодияи давлатии дастаҳои ҳунарии назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои оммавии Федератсияи Русия ва сафоратхонаи ин мамлакат дар Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Май 6, 2009 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд