ШАҲРДОРӢ ҲАМ ЧАРОҒОНКУНИРО ДАСТУР ДОД
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба ҳамаи сохторҳои шаҳрӣ супориш дода шудааст, ки то 1-уми моҳи июн ба фурӯзонакҳои каммасраф гузаранд,-иброз дошт дар ҷаласаи корӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев , -гуфт котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов. Ҳамчунин барои сохторҳои ноҳиявӣ ин мӯҳлат як моҳ тамдид карда шуда то 1-уми июл вақти иловагӣ дода шудааст. Умуман дар шаҳри Душанбе мӯҳлати пурраи ба фурӯзонакҳо гузаштан то 1-уми август муқаррар карда шудааст. Ин супориш дар сурате дода шудааст, ки дар бозор нархи фурӯзонакҳо аз ибтидои соли ҷорӣ 5-6 маротиба боло рафта, нархи як фурӯзонак аз 6 сомонӣ ба 30-35 сомонӣ расонида шудааст. Хуб мешуд, ки барои амалӣ шудани ин дастуру супориш нархи фурӯзонакҳо ҳам зери назорат мегузашт.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






