ШИРКАТҲОИ ВОРИДКУНАНДАИ СӮЗИШВОРӢ АЗ ҚАФОИ ФОИДА ШУДА МУШКИЛОТ ЭҶОД МЕКУНАД
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархро 30 фоиз боло бурданд. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, воридкунандагони асосии сӯзишворӣ ба кишвар асосан се ширкат; ҶДММ «Газпромнефт — Тоҷикистон», ҶДММ «Тоҷирон» ва «Умед» мебошанд. Аз рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш 30 фоиз зиёд шуд. Агар аввали ҳафта нархи 1 литр сӯзишвории навъи АИ- 92 2 сомонию 30 дирам ба савдо рафта бошад, охири ҳафта арзиши он ба 3 сомонӣ расид. Ҳамчунин ҳафтаи равон нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ низ боло рафтааст. Намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо баланд шудани нархи сӯзишвориро ба афзоиши қурби асъор дар кишварҳои таъминкунандаи Тоҷикистон бо маводи сӯзишворӣ ва корҳои кишоварзӣ медонанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






