ШИРКАТИ «АСЕЛ АРМАН» ДАСТГИРИ ТОҶИКИСТОН

Май 21, 2009 11:44

                      Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ширкати «Асел Арман» яке аз ширкатҳои калонтарини вилояти Костанайи Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки дорои 40 ҳазор гектар замин мебошад. Раиси кулли ин ширкат Мирзоазиз Усмонов тоҷики муқими Қазоқистон аст, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мебарад. Дар ин ширкат 1300 нафар ба кор фаро гирифта шудааст, ки 150 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ширкати мазкур дар шаҳри Кокчетав корхонаи ордбарорӣ дорад, ки дар як шабонарӯз 120 тонна орд истеҳсол мекунад. Ҳамчунин то 90 фоизи ҳосилро дар шакли гандум ё орд ба Тоҷикистон мефиристад.                      Дар ин бора рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистон Саломиддин Мирзораҳматов иброз доштааст, ки тоҷирону соҳибкорони тоҷик имконияти калон доранд, ки дар ин ҷо дар соҳаи кишоварзӣ кор карда, ҳам ба худ, ҳам барои Қазоқистону Тоҷикистон фоида овард метавонанд.                      Муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Армон Евниев ба хабарнигорон иброз доштааст, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати баҳрабардорӣ ба сармоягузорони хориҷӣ 3,5 млн. гектар заминро барои истифодаи муваққатӣ ба мӯҳлати 15- 20 сол супориданист. Дар сурати муваффақ шудан ин мӯҳлат тамдид мегардад.

Май 21, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд