СОЛИ 2010 ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 19 майи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Ар-Риёз бо вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Амир Сауд ал-Файсал мулоқот кард. Дар Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар ба Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ барои дастгирии пазироии иҷлосияи 37-и вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси исломӣ дар Душанбе дар соли 2010 изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамрохон Зарифӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз зумраи аввалин кишварҳост, ки барои баргузории чунин як чорабинии барои кишварҳои исломӣ муҳим даст задааст. Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки ҷониби саудӣ дар баргузор намудани конфронси мазкур ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Ҳамрохон Зарифӣ дар идомаи сӯҳбат зикр намуд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрҷанба буда, Тоҷикистон бо мамолики олам алоқаи хуб дорад. Тоҷикистон ҷонибдори барқарор гардидани сулҳу субот дар кишварҳои Ироқу Афғонистон мебошад. Тоҷикистон хусусан бо давлати ҳаммарзи худ — Афғонистон муносибати хуб дошта, барои пойдории сулҳу субот дар ин кишвар кӯмак мерасонад. Дар мулоқот ҳолати ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва рушду таҳкими минбаъдаи онҳо, вазъи минтақа ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






