СУЛОЛАИ ҲАРБИЁН
Бадахшон, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Баҳори соли 1942 Боронбек Алифбековро барои хизмат ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват мекунанд. Ин ҷавони 21-сола аллакай соҳиби 2 писар буд. Баъди як моҳи хизмат ҷанг оғоз гашт. Боронбек дар озодкунии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо ширкат варзидааст. Дар озодкунии шаҳри Варшава ҷароҳати вазнине мебардорад. Испори тири фашистон замини чеҳраашро хеле шудгор карда буд. Баъди табобат аз Артиши Шӯравӣ ӯро ҷавоб доданд. Ба зодгоҳаш Дашти Болои шаҳри Хоруғ омада, дар нерӯгоҳи барқии ба номи Ленини шаҳри Хоруғ ба ҳайси монтёр ба кор даромад. Боронбек Алифбеков 8 фарзандро ба камол расонда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудааст. Замоне худаш Ватанро аз фашизм ҳимоя карду баъдан фарзандону набераҳояшро ба ин роҳ ҳидоят намуд. Писараш Султонбек мактаби олии ВКД СССР-ро бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Наберагонаш Раҷаббек хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Алма-Ато, майор. Аҳмад низ бо дипломи аъло Омӯзишгоҳи фармондеҳони шаҳри Алма-Ато, соли 2005 Академияи ҳарбии шаҳри Маскавро бо медали тилло хатм намуд. Алишер хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии фармондеҳони шаҳри Алма-Атост.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






