ТӮҲФАДИҲӢ ДАР «ЗАНГИ КАМОЛОТ» МАНЪ АСТ
Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Хароҷоти беҳуда хусусан тӯҳфадиҳӣ ба омӯзгорон, наворбардории аз ҳад зиёд, шабнишинӣ, бастани лентаҳои хатмкунӣ, ҳамроҳ доштани телефони мобилӣ дар чорабини «Занги камолот, ки ҳамсола 25 май гузаронида мешавад, қатъиян манъ аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки чорабинии «Занги камолот» соли равон дар тамоми мактабҳои пойтахт дар доираи талаботи фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов аз соати 8 то 9 баргузор мегардад. Баъди ин чорабинӣ дар тамоми мактабҳои пойтахт тибқи ҷадвали дарсӣ дарсҳо идома меёбанд. Шамсулло Исломов афзуд, ки соли равон мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахтро 22 ҳазору 22 нафар талаба хатм мекунад, ки аз он 12 ҳазору 959 нафарашон хатмкунандагони синфҳои 9 ва 9 ҳазору 68 нафарашон хатмкунандагони синфҳои 11 мебошанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






