ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА МАРЗБОНОН

Май 27, 2009 11:49

                         27 май, — (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 15 — солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат ба як гурӯҳ афсарону сарбозони ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.                       Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 нафар афсарону сарбозони марзбон, ки дар адои қарзи фарзандӣ дар назди халқу Ватан хизматҳои арзанда кардаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштанд.                        Аз ҷумла ду нафар афсарони баландпоя — Саймудин Мирзоев ва Ҳикматулло Пираков ба гирифтани ордени Спитамен дараҷаи 2 мушарраф шуданд.                        Афсарону сарбозони дигар бо медалҳои Ҷасорат ва Марзбони шуҷои Тоҷикистон сарфароз гаштанд. Аз онҳо Шӯҳрат Абдуллоев, Бахтиёр Худоёров ва Абдураҳим Намозов сарбозони қаторӣ мебошанд, ки дар сарҳади давлатӣ қочоқчиёни хатарнокро дастгиру безарар намуда, аз онҳо ҳаҷми зиёди маводи мухаддирро ошкору мусодира кардаанд.                     Ба се нафар марзбононе, ки ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ шарафмандона ҳалок гаштаанд, мукофоти давлатӣ баъд аз марг муқаррар шудааст ва он ба волидону пайвандонашон супурда мешавад.                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нафарони бо мукофотҳои давлатӣ мушаррафгаштаро бори дигар бо ин сарафрозӣ ва бо 15 — солагии таъсисёбии  Қӯшунҳои сарҳадӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати садоқатмандона баҳри ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои давлату миллат ва таъмини амнияту суботи кишвар ҳидоят намуд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 27, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд