ТАЪРИХИ ХОРВАТИЯ

Май 24, 2009 12:43

                          Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар» ). — Дар бораи пайдоиши халқи славянии Хорватия ягон маълумоти аниқ вуҷуд надорад. Ба ақидаи мутахассисон, номи хорватҳо ба маҳалли доманакӯҳи Карпат вобаста мебошад. Тахмин карда мешавад, ки онҳо дар ҳамин мавзеъ маскун шудаанд. Вале бисёр муҳаққиқон ба ин фарзия розӣ нестанд.                           Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки хорватҳо асри 7 -уми даврони мо дар ҳудуди вилоятҳои собиқи римии Далматсия ва Паннония пайдо шуданд. Онҳо дар ин ҷо бо қабилаҳои маҳаллии иллирӣ ва романӣ, инчунин, қабилаҳои дигари славянӣ омехта гардиданд. Бояд гуфт, ки миқдори чунин қабилаҳо ҳамон давра дар нимҷазираи Балкан хеле зиёд буд. Хонигариҳои аввалини хорват таҳти фишори доимии шоҳи Византия ва шоҳигарии Франк қарор доштанд. Шоҳи афсонавии Хорватия Томислав соли 925 давлати нахустини мустақили хорватҳоро бунёд намуд.                          Давлати хорватҳо дар тамоми давраи асрҳои миёна парокандагии шадиди феодалиро аз сар гузаронд. Қисматҳои гуногуни он дар зери итоати ҳокимони Маҷористон, шоҳони Туркияи усмонӣ ва Ҷумҳурии Венеция қарор доштанд. Дубровник муддати тӯлонӣ ҳамчун шаҳр — давлати мустақил боқӣ монда буд.                           Соли 1526 дар мамлакат сулолаи Габсбургҳо ба сари ҳокимият омад. Ин дар асри 18 имкон дод, ки мамлакат бо кӯмаки Австрия аз зулму асорати ҳокимони Туркия наҷот дода шавад. Хорватия баъди Ҷанги якуми ҷаҳон ба ҳайати шоҳигарии муттаҳидаи словениягиҳо, хорватҳо ва сербҳо дохил карда шуд, ки соли 1929 номи шоҳигарии Югославияро гирифт. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон Хорватия ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҳайати Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Югославия дохил гардид.                         25 июни соли 1991 истиқлолияти давлатии Хорватия эълон карда шуд. Давраи фоҷиабори муҳорибаҳо барои истиқлолият, ҳараҷу мараҷ ва задухӯрдҳои дохилию хориҷӣ дар мамлакат соли 1995 ба охир расид. Аз ҳамон сол сар карда, Хорватия ҳамчун давлати муосири аврупоии дорои тиҷорати пешрафтаи туристӣ ва вазъияти мусоиди пешрафти иқтисодию сиёсӣ тараққӣ мекунад. Хорватия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат шомил гардид. Ҷумҳурии Хорватия дар ҳудуди Аврупо ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он 56 542 километри мураббаъ, шумораи аҳолиаш 4,5 миллион нафар мебошад.                         Дар ин ҷо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, туризм, киштисозӣ, мошину дастгоҳсозӣ, электроника ва саноати химия тараққӣ кардаанд. Аз рӯи маълумоти омор, соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилии Хорватия 12,36 миллиард доллари ИМА, ҳаҷми содироти мол 12,36 миллиард доллари ИМА ва ҳаҷми воридоти он 25,84 миллиард доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.                       Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия 1 апрели соли 1999 ба роҳ монда шудааст.

Май 24, 2009 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад