ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Май 28, 2009 18:13

                          Душанбе 28 май (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова). — Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул бегоҳии имрӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Душанбе омад.                           Меҳмони олиқадрро дар майдони ҳавоии пойтахт Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд.                           Президенти Туркия ба нишони эҳтироми мероси фарҳангию таърихии халқи тоҷик дар майдони «Дӯстӣ» ба Маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон ба пояи ҳайкали ёдгории асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.  

Май 28, 2009 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад