УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ ТАНЗИМИ НАРХҲО ДАР БОЗОРҲОИ ШАҲР ШУД
Душанбе, 29 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати таъсиррасонӣ ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардум вамаводи сӯхт аз 1 июн то 1 декабри соли 2009 дар бозорҳои зертавозун ва дигар бозорҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ нуқтаҳои алоҳидаи савдо барои Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Маҳсулоти аз ҷониби Агентӣ пешниҳодшаванда назар ба нархи бозор 10% арзон ба савдо гузошта мешаванд. Дар ин хусус шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи корӣ карор қабул намуд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, мақсад аз андешидани ин тадбир коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони молиявӣ дар бозори истеъмолӣ ва таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагони пойтахт мебошад. Ҷиҳати татбиқи ин муқаррарот тамоми масъулини соҳа ва мақомоти дахлдор муваззаф карда шуданд, ки барои аз ҷониби Агентӣ ба фурӯш гузоштани анвои мухталифи маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла орд, шакар, бензин, солярка ва керосин ҳамаҷониба мусоидат намуда, ҳамзамон ғанӣ гардонидани бозори истеъмолиро аз ҳисоби захираи бозорҳо таъмин созанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






