ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ ДАР ДУШАНБЕ МУЛОҚОТ МЕКУНАНД
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Маҷлиси 37 — уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ соли 2010 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора дар маҷлиси 36 — уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои созмон қарор қабул шуд, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Сурияи Араб — шаҳри Димишқ баргузор гардид. Дар ин маҷлис вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок дошт. Вай ба ҳамаи иштирокчиёни маҷлис барои қабули қарори дар Душанбе гузаронидани маҷлиси оянда изҳори сипос намуда, онҳоро даъват намуд, ки дар ин мулоқоти муҳим ҳатман ширкат варзанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






