ВОХӮРӢ БО ИШТИРОКЧИИ ҶБВ
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, 22 май, бахшида ба Рўзи ҷавонон дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Ваҳдат вохўрӣ бо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ордени «Шараф», «Ситораи сурх» ва дигар унвонҳо Юнус Юсупов баргузор гардид. Дар вохўрӣ хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ, коллеҷи тиббӣ ва гимназияи шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки Юнус Юсупов шаҳрванди фахрии шаҳри Черновции Ҷумҳурии Украина буда, 25 марти соли 1944 барои озод намудани шаҳри номбурда ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод шудаааст. Иштирокчиён бештар вобаста ба корнамоиҳои бобои Юнус таваҷҷўҳ зоҳир карда, аз ў суолҳои бисёр карданд. Юнус Юсупов ҷавононро ба ватандўстиву ватанпарварӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар даъват намуд. Директори осорхона Аваз Юсупов иброз дошт, ки бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз гузаштаи шахсиятҳои бузурги ин минтақаи ҷумҳурӣ минбаъд низ дар осорхона чунин вохўриҳо гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






