ВОРИДОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АЗ СОДИРОТ ЗИЁД АСТ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ содироти меваи хушк аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Россия ва Украина 3466,5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳуриҳои Эрон, Афғонистон, Туркия ва Озарбоиҷон ба миқдои 7530,2 ҳазор тонна лӯбиёю мош ва ба миқдори 2635,5 ҳазор тонна нахуд ва дигар маҳсулотҳои дархостӣ фиристонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 12517,7 ва 2635,5 тонна зиёд мебошад. Воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ дар ин давра 347070,4 тонна буда, нисбат ба соли гузашта 125427 тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла орд 104311,7 тонна ва гандум 104381,3 тоннаро ташкил медиҳад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






