ЗАНГИ ОХИРИН
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 25 май барои ҳамаи хатмкунандагони мактабҳои миёна ва лицейҳои ҷумҳурӣ занги охирин садо медиҳад. Сардори раёсати мактабҳои миёна ва томактабии вазорати маорифи ҶТ Бибиҳаво Шарофова қайд намуд, ки мувофиқи фармони вазири маориф тамоми чорабиниҳое, ки барои занги охирин дар мактабҳои миёна гузаронида мешаванд аз соати 8.00 то соати 9.00 гузаронида, баъд аз ин дарсҳоро то соати 12 рӯз давом медиҳанд. Хатмкунандагони мактабҳои ҷумҳуриро намояндагони вазорати маориф ва шӯъбаю раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо табрик менамоянд. Барои меҳмонон мактаббачагони синфҳои поёнӣ консерти идона намоиш медиҳанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки дар ин рӯз тартибот ва амнияти ҷамъиятиро таъмин намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






