635 КГ НАШЪА СӮЗОНИДА ШУД
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 26 июни соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба рӯзи байналхалқии мубориза бо нашъамандӣ, бо тартиби дар қонунгузории пешбинишуда, дар ҳузури номояндагони ВАО 635 кг маводи мухаддир, ки аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯзонида шуд. Инчунин, як моҳ пеш, дар таърихи 29 май бахшида ба 10- солагии таъсисёбии Агентӣ 1 тоннаву 155 кг 543 гр маводи нашъаовар сӯзонида шуда буд. Қобили зикр аст, ки аз соли 1999, АНМН маҷмӯан зиёда аз 11 тонаву 588 кг маводи нашъаовари мусодирашударо сӯзонида несту нобуд кардааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






