ДАР МЎЪМИНОБОД МАРКАЗИ НАВ ТАЪСИС ЁФТ

Июнь 25, 2009 15:52

                   Мӯъминобод, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар деҳаи Ҳанатарош-и ноҳияи Мӯъминобод тантанаи муаррифии барномаи супоридани муассиcаи «Агрокимиёсервис» шуда гузашт. Онро раиси Иттиҳодияи Ҷамъиятии «Бӯстон» Зеби Соҳибова муаррифӣ намуда гуфт, ки он бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 175 ҳазор сомонӣ ва дастгирии Бунёди хазинаи Оғохони ноҳия таъсис ёфтааст. Дар ин мавзӯъ соҳибкор Ҷамшед Мирзоев изҳор дошт, ки ин маркази нав барои деҳқонони ноҳия хело муфид аст.                   Айни ҳол дар ин ҷо 40 тонна карбамид, 20 тонна калий, 200 килограмм заҳрхимикат, 25 тонна сӯзишворӣ, 50 килограмм тухмиҳои сабзавот, 25 тонна картошкаи тухмӣ барои фурӯш омода гардидааст. Гуфта мешавад, ки муассисаи навбунёди «Агрокимиёсервис» дар 5 ҷамоати ноҳия нуқтаҳои фурӯши худро кушода дар оянда хизматрасонияшро ба деҳқонони ноҳия васеъ хоҳад намуд.  

Июнь 25, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд