ДОЛЛАР – БА БОЛО Ё БА ПОЁН?
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, 5 июн қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме паст гардида, дар ҳудуди 4,42 — 4,45 сомонӣ барои 1 доллари ИМА, 1,42 — 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,05 — 6,10 сомонӣ барои 1 евро амалӣ гардид. Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилооъ доданд, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ амалиётҳо бо доллари ИМА, рубли Федератсияи Русия ва евро фаъолтар гардида, қурби миёнаи 1 доллари ИМА 4,43 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,46 сомонӣ ва 1 евро 6,06 сомониро ташкил дод. Ёдовар мешавем, ки 4 июн қурби миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме боло рафта, 4,44-4,46 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медод.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






