ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МУОСИРИ КОМПЮТЕРӢ
Душанбе, 25 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маркази санҷишии компютерии сатҳи дониш ифтитоҳ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ноиби ректори донишгоҳи мазкур оид ба таълим Амонулло Салимов иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки Маркази компютерӣ замонавӣ буда, бо 36 компютер, ки бо сервер ба марказ пайваст аст ҷиҳозонида шудааст. Ин Марказ ба он хотир маркази санҷишии сатҳи дониш унвон гирифтааст, ки дар он довталабону донишҷӯён имтиҳонҳои дохилшавӣ ва ҷориро месупоранд. Сатҳи дониши донишҷӯ ё довталаб тавассути компютер баъди 30 сония дар табло муайян мегардад. Яъне, дар ин маврид ягон шахс имкони тағйир додани баҳоро надорад ва имтиҳонҳои дохилшавӣ ва аз курс ба курс гузаштан ба таври шаффоф ва воқеъбинона ҷараён мегирад, мегӯяд Амонулло Салимов. Мавсуф афзуд, ки соли саввум аст, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тарзи супоридани тестии имтиҳонҳои дохилшавӣ ва аз курс ба курсгузаронӣ ба роҳ монда шудааст, ки он самараи хуб медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






