МАРКАЗИ МИЛЛИИ МОНИТОРИНГ ЯКСОЛА ШУД

Июнь 1, 2009 12:25

                          Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар заминаи Маркази назорати маводи нашъаовари Вазорати тандурустӣ аз 30-уми майи соли 2008 Макази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ таъсис ёфт. Ҳоло шумораи кормандони ин Марказ дар се вилояти ҷумҳурӣ ба 55 нафар мерасад.                         Тибқи маълумоти охирини омории Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ 8372 нашъаманд ба қайд гирфта шудааст, ки аз ин 423 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.                         Дар шаҳри Душанбе шумораи нашъамандон нисфи шумораи умумии гирифторони нашъамандӣ ё 4123 нафар буда, аз ин 250 нафарашон занон мебошанд.                         Дар вилояти Суғд гирифторони ин беморӣ 1265 нафар буда, 105 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.                         Дар вилояти Хатлон ин шумора бештар аст. Аз 1305 нафар нашъамандон 22 нафари онҳо занон мебошанд.                         Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 737 нафар мард ва 7 нафар зан мубталои ин беморӣ мебошанд.                         Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошад аз шумораи 1023 нафар гирифторони нашъамандӣ 24 нафарашон занон мебошанд.                           Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ бо мақсади пешгирии ин беморӣ корҳои профилактикиро ба роҳ монда, аз дигар усулу роҳҳои пешгирии нашъамандӣ самаранок истифода мекунад.

Июнь 1, 2009 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад