МАРКАЗИ НАВИ МАЪЛУМОТ ВА ИТТИЛООТ

Июнь 19, 2009 10:16

                    Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).-Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ сохтани барномаи иттилоотии ЮНЕСКО бо кӯмаки молиявии СММ дар мактаб-интернати №4-уми пойтахт маркази нави маълумот ва иттилоотро ташкил намуд. Дар маросими ифтитоҳи марказ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои ташкили маркази мазкур 12 ҳазор доллари ИМА сарф шуд. Дар доираи ташкили марказ ба мактаб-интернат 20 компютер, 2 дастгоҳи чопи лазерӣ, дастгоҳҳои нусхабардорӣ ва ғайра тӯҳфа карда шуданд. Аз ҳисоби маблағи ҷудокардашуда ҳуҷраи марказ тармим карда, бо асбобу анҷоми зарури муҷаҳҳаз гардонда шуд. Акнун тарбиягирандагони мактаб имконият доранд роҳу усулҳои истифодаи компютерро дар муддати кӯтоҳ аз худ намоянд.  

Июнь 19, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад