МАРОСИМИ БОТАНТАНАИ ХАТМИ ТАҲСИЛ
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- 25 июн дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба муносибати хатми таҳсил ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Имсол омӯзишгоҳи мазкурро 70 нафар хатм кард. Онҳо соҳиби унвони ҳарбии лейтенант ва дипломи маълумоти олии ҳарбӣ гардиданд. Акнун афсарони ҷавон барои хизмат ба посгоҳҳои сарҳадӣ, дастаҳои марзбон ва гузаргоҳҳои назоратии сарҳади мамлакат фиристода мешаванд. Хатмкунандагонро ба ин муносибат сардори Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, генерал -майор Шералӣ Мирзо, сардори омӯзишгоҳ, генерал-майёр Оллодӯст Ғӯраев, роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва собиқадорони артиши сарҳадӣ табрик намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад расми гузашти низомӣ баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Донишкадаи олии сарҳадии ҷумҳурӣ мувофиқи қарори Ҳукумати мамлакат соли 2002 таъсис ёфта буд. Донишкада соли 2006 ба Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ табдил дода шуд. Имрӯз дар ин ҷо мутахассисони маълумоти олидори соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ тайёр карда мешаванд.








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






