МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМӢ ДАР ИТАЛИЯ

Июнь 25, 2009 16:09

                   Маскав, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои САҲА ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзад, ки рӯзҳои 27-28 июн дар ҷазираи Корфуи Италия баргузор хоҳад гашт.                   Н. Бордюжа дар майдони ҳавоӣ қабл аз парвоз ба Италия зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр намуд, ки мулоқоти мазкур дар таърихи умумиаврупоӣ ҳамто надорад. Зеро вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД, роҳбарони созмонҳои байналхалқии дар минтақаҳои Аврупо ва Атлантика фаъолиятдошта — Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил НАТО, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бори аввал якҷоя сари мизи мушовара хоҳанд нишаст. Ин мулоқот ғайрирасмӣ бошад ҳам, имкон хоҳад дод, ки роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои таъмини амният ва ҳамкорӣ дар минтақаҳои Аврупо ва Атлантика табодули назар карда шавад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ тибқи пешниҳоди раиси ҳозираи созмон, вазири корҳои хориҷӣ Д. Бакояни баргузор мегардад.                                                                                                Тарҷумон Қудратов А. 

Июнь 25, 2009 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид