МУНШИИ УМУМИИ СААД ДАР КОНФРОНСИ САҲА ШИРКАТ МЕВАРЗАД
Маскав, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дар конфронси ҳафтуми ҳарсолаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо иштирок хоҳад кард, ки рӯзҳои 23 ва 24 июн дар Вена баргузор мегардад. Конфронс ба проблемаҳои соҳаи амният бахшида мешавад. Бояд гуфт, ки ҳар дуи ин созмон дар ҳалли бисёр проблемаҳои замони ҳозира самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Н. Бордюжа қабл аз парвозаш ба Вена ба хабарнигорон гуфт, ки масъалаҳои амалӣ сохтани пешниҳоди президенти Русияро дар бораи тартибу таҳияи созишномаи нави таъмини амният дар Аврупо, вазъияти Афғонистон, такмили низоми назорати аслиҳа ва ғайраро ба миён мегузорад. Тарҷумон Қудратов А.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






