НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМИ НАВ
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).-Дар киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» банаворгирии филми ҳунарии «Баҳори як гузар» шурӯъ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори «Тоҷикфилм» Саидҷалол Саидов хабар дод. Коргардони филм Саидҷон Қодирӣ аз рӯи намоишномаи Гулназар Келди филми нав ба навор мегирад, ки аз рӯи ҳикояи Ғаффор Мирзо «Наберагон» навишта шудааст. Дар филм шароити зиндагии бачагон дар солҳои душвори баъди Ҷанг Бузурги Ватанӣ тасвир ёфтааст. Филмро бачагона номидан душвор аст. Зеро он солҳо бачагон баробари калонсолон дар корхонаю колхозҳо кор карда, тамоми душвориҳо ва маҳрумиятҳоро ҳамроҳи онҳо паси сар карда буданд. Наворбардории филм охири моҳи июн дар деҳаҳои кӯҳистони вилояти Хатлон шурӯъ мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






