САБАБИ АФЗОИШИ САДАМА ДАР ВМКБ — ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҚАЛБАКИИ РОНАНДАГӢ
Хоруғ, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Тайи 6 моҳи соли ҷорӣ дар ВМКБ шумораи садамаҳои нақлиётӣ зиёд шуд. Дар 16 садамаи нақлиётӣ 18 нафар ҷони худро аз даст додааст, ки ин якуним баробар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Роҳбари маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии ВМКБ Мизроб Доробов сабабҳои афзоиши садамаҳоро шарҳ дода, зикр кард, ки аксарияти ронандагоне, ки ба садама дучор гардидаанд аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадаанд, ки ин гувоҳи ба таври қалбакӣ гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ мебошад. Сабаби дигар нисбат ба ҳолати техникӣ ва идораи мошин каммасъулият будани ронандагон аст.








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






