ТАЛАБОТ БА АСЪОРИ ХОРИҶӢ КАМ ШУД
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бинобар сабаби дар бозори байнибонкии асъор афзудани амалиёт бо евро, қурби расмии он то 6,21 сомонӣ баланд шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдии шаҳри Душанбе дар давоми рӯзи 25 июн бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,43 — 4,45 сомониро ташкил дод. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талабот ба асъори хориҷӣ кам шуда, қурби миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан 1,41 — 1,42 сомонӣ ва 6,05 — 6,12 сомониро ташкил намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






