ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрўз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ, бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмиро дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ — пойдевори давлати соҳибистиқлол» дар Китобхонаи миллӣ доир намуд. Дар кори конфронс меҳмонон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, профессорон, олимону устодон иштирок намуданд. Дар он мавзўҳои «Мусолиҳаи миллӣ ва роҳҳои расидан ба сулҳу вахдат», «Ҳифзи ваҳдат-пояи устувори давлат ва бақои миллат», «Сабақҳои таърихии сулҳи тоҷикон» ва «Тарғиби ваҳдат ва ягонагӣ дар таълимоти бузургон» дар конфронс аз ҷониби иштирокчиён баррасӣ шуданд. Пас аз анҷоми конфронс намоиши калони китоб таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-мароми мост» муаррифӣ гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






