ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ҲОДИСАҲОИ СӮХТОР МЕАФЗОЯД

Июль 6, 2009 14:10

                     Кӯлоб, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб 30 ҳодиссаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки зарари умумии он 120 ҳазору 41 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи оташнишонии минтақа, полковники хизмати дохила Назримад Аюбов иттилоъ дод.                      Ба иттилои манбаъ дар ин муддат 12 ҳодиса дар шаҳри Кӯлоб, 7 ҳодиса дар ноҳияи Восеъ, 2 ҳодиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ, 4 ҳодиса дар ноҳияи Фархор, 3 ҳодиса дар ноҳияи Мӯъминобод ва 2 ҳодиса дар ноҳияи Ховалинг ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд аст.                      Мавриди зикр аст, ки кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб дар давоми 6 моҳи соли равон 749 ҳодисаи сӯхторрро пешгирӣ карда, ба маблағи 1 миллиону 145 ҳазор сомонӣ молу мулкро наҷот додаанд.

Июль 6, 2009 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад