JICA ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИРО БА ЯПОНИЯ МЕФИРИСТАД
Душанбе, 7 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи ҳамкории байни раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) чор нафар кормандони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия ва вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон 3 август барои таҳсил ба Япония мераванд. Онҳо дар бахши магистратураи донишгоҳҳои Япония таҳсил менамоянд. Таҳсили кормандони вазоратҳои Тоҷикистон дар Япония дар доираи Созишномаи грантии байни Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои тайёр намудани кадрҳо (JDS) аз рӯи барномаи ёрии бебозгашти Ҳукумати Япония ба имзо расидааст, ҷараён мегирад. Умуман аз рӯи ин барнома то соли 2012 дар 4 давра 20 нафар ба курсҳои дусолаи магистрии донишгоҳҳои Япония тариқи озмун фиристонида мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






