НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ

Июль 7, 2009 14:35

                  Душанбе, 7 июли. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он сардори идораи мазкур Азим Иброҳим доир ба фаъолияти соҳа дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот дод.                  Саридора дар нимаи аввали соли 2009 аз рӯӣ 33 лоиҳа ба маблағи 1,456,579.00 сомонӣ, ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 540,717.00 сомонӣ зиёд ва корҳои шартномавиро аз рӯи 40 лоиҳа дар ҳаҷми 2,579,069.00 сомонӣ, ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 955,369.00 сомонӣ зиёд иҷро намуд. Корҳои пудратӣ ба маблағи 115,626.00 сомонӣ, ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 108,663 сомонӣ зиёд иҷро шуданд. Дар маҷмӯъ бо усули хочагидорӣ ба маблағи 3,920,022 сомонӣ, ё худ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,387,423 сомонӣ зиёд корҳоро анҷом дода, суръати афзоишро ба 155% расонид.                   Саридора корҳои шартномавиро дар объектҳои КМ «Зарафшон», ҶММ КМ «Анзоб», ҶШК «Сангтӯда-1», ҶДММ «Покруд», «С.А. Минералс», НОБ-и «Роғун», Фонди Oғoxoн, ҶДММ «Сарват», корхонаю ташкилоту хоҷагиҳои мухталифи ҷумҳурӣ, пармакунии чоҳҳо барои истифодаи об ва дигар намуди корҳои геологиро ба иҷро расонид.                    Дар давраи ҳисоботӣ бо усули механикӣ 2123 метри тулонӣ чоҳ канда шуд. Бо усули механикии-роторӣ 856 метри тулонӣ ё худ 114% зиёд нисбати ҳамин давраи соли гузашта корҳои пармакунии чоҳҳо ба анҷом расид. Бо усули зарбазании танобӣ 951 метри тӯлонӣ пармакунии чоҳҳо иҷро гардидааст.                    Дар шаш моҳи соли 2009 дар Шурои илмӣ-техникии Саридора ҳисоботи захираҳои маъдани 6 кон тасдиқ гардид.                    Дар Фонди давлатии иттилоотии геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтани барномаи компутерӣ барои «Ҳисоботӣ ҷамъбастии тарозии канданиҳои фоиданок» тартиб дода мешавад.                   Моҳи май, мутахассисони Саридора тадқиқоти муҳандисию геологии деҳаи Уялии ноҳияи Хуросонро такроран гузарониданд. Аз рӯи тадқиқот хулосаи муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Июль 7, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд