ПРЕЗИДЕНТ БА МИСР РАФТ

Июль 13, 2009 11:36

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳои узви Ҳаракати адами тааҳуд ба шаҳри Шарм-аш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб сафар кард.                  Дар ин сафар Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.                  Дар фурӯдгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 13, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад