ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ СОҲАИ СЕРДАРОМАД

Июль 13, 2009 11:11

                     Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Барномаи занбӯриасалпарварӣ ба барномаҳои давлатӣ дохил гардид. Дар асоси «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2006 — 2010», соли ҷорӣ 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Бо ин маблағ зиёда аз 500 оилаҳои занбӯри асал харидорӣ гардида, дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-80, Суғд -70, Хатлон- 150 ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумурӣ 200 оила занбури асал дастрас гардонида шуд.                    Дар ин давра бо дастгирии вазорат сехи истеҳсоли муми варақӣ ба кор дароварда шуд. Ҳоло барои фурӯш дар корхона 600 кг муми варақӣ тайёр карда шудааст.                   Талаб ба асали Тоҷикистон сол аз сол зиёд мегардад ва ҳоло як кило асал дар бозорҳои хориҷи кишвар 25 доллари амрикоӣ кимат дорад.  

Июль 13, 2009 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад