ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ТЕННИС МУАЙЯН ШУДАНД
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо мақсади ташвиқи теннис байни наврасону ҷавонон, дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз 15 то 19 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд хабар доданд, дар чорабинии мазкур 64 нафар варзишгарони кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар мусобиқаи мазкур байни духтарҳо Виктория Карменова ҷои якум, Арина Фальц ҷои дуюм аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шабнам Юсуфҷонова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар байни писарҳо Анвар Раҳматов ҷои якум, Мирҳусейн Яҳёев ҷои дуюм ва Аҳмадҷони Муҳаммад ҷои сеюм аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Дар мусобиқаҳои ҷуфти байни духтарҳо Виктория Карменова, Арина Фальц — Ҷумҳурии Ӯзбекистон насиби ҷои якум, Шабнам Юсуфҷонова, Азиза Азизова — Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои дуюм ва ҷои сеюм Сарвинози Саидмуҳаммад — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Решетко Вера — Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиб шуданд.Дар байни писарҳо Аҳмадҷони Муҳаммад, Бахтиёр Садуллоев — Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои якум, Мирҳусейн Яҳёев, Анвар Раҳматов- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои дуюм ва Мухаммед Ахмед, Шерзод Акрамов — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷои сеюмро ишғол намуданд. Пас аз бозии финалӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев барои ғолибон мукофоти пулӣ супорида шуд. Инчунин, дар анҷоми чорабинӣ ба намояндагони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазокистон ва Тоҷикистон Ҷоми Федератсияи тенниси вилояти Суғд супорида шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






