ҲАФРИЁТИ ҚАЛЪАИ КОФАРНИҲОН ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Бостоншиносони Осорхонаи ёдгориҳои атиқаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҳафриёти қалъаи Кофарниҳонро давом медиҳанд. Олимон соли гузашта дар ин ҷо бозёфтҳои муҳим ба даст оварда буданд. Аз ҷумла, зимни ҳафриёти шаҳристони қадимаи қалъаи Кофарниҳон Ибодатхонаи оташпарастон ёфт шуд, ки дар асрҳои У1 ва УШ сохта шудааст. Ин шаҳодат медиҳад, ки сокинони қадимаи Кофарниҳон ба дини зардуштӣ пайравӣ мекарданд. Ибодатхонаи оташпарастон аз чуқурии 60 — 70 сантиметр ёфт шуд. Дар он ҷои гирондани оташи муқаддас боқӣ мондааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳафриёт дар ин ҷо то 18 сентябр давом дода мешавад. Зарфҳои сафолӣ, тангаҳои қадима, нимпайкараҳои аз гилу сафол сохташуда ва ғайра баъди анҷоми ҳафриёт таҳқиқ карда мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






