ДАР ДУШАНБЕ БЕМОРИИ ТАБИ ХУНИН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар шаҳри Душанбе як нафар гирифтори бемории таби хунин ба қайд гирифта шуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, бемор шаби 9 августи соли ҷорӣ бо гумон ба бемории таби хунин ба беморхона муроҷиат кард ва баъд аз муолиҷаи тиббӣ бамориаш маълум гаштааст. Бояд қайд намуд, ки гирифторони бемории таби хунин дар шаҳри Турсунзода зиёдтар ба кайд гирифта шуданд. То имрӯз бемории 5 нафар тасдиқ гардида, се нафари онҳо фавтидаанд. Ҳолати 2 бемори дигар мӯътадил буда, онҳо таҳти назорат қарор доранд. Аз руи маълумотҳои оморӣ дар Тоҷикистон соли 2007 20 нафар ва соли 2008 14 нафар бо ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






