ЭЪТИРОФИ ЯКҶОЯИ ҲУҚУҚИ ИШТИРОКЧИЁН ВА МАЪЮБОНИ ҶБВ
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- 6 август дар Минск маҷлиси гурӯҳи кории байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кушода шуд. Дар он пешниҳодҳо ва тавсияҳо дар бораи амалӣ сохтани Созишномаи эътирофи якҷояи ҳуқуқу имтиёзҳо барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони дигари бо онҳо ҳуқуқи баробардошта, иштирокчиёни амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави мамлакатҳои дигар, аъзои оилаи хизматчиёни харбии дар ҷанг ҳалокшуда муҳокима карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси мазкур намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсози Иттифоқи байналмилалии «Иттиҳоди созмонҳои ҷамъиятии ветеранҳо ва нафақахӯрони давлатҳои мустақил» иштирок доранд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






