ОЗМУНИ НАЪТХОНОН

Август 6, 2009 12:10

                   Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар толори асосии чойхонаи «Саодат»-и пойтахт 4 рӯз боз озмуни ҷумҳуриявии наътхонон давом дорад. Дар озмун 22 нафар наътхони зӯртарини минтақаҳои гуногуни мамлакат иштирок доранд.                   Қайд кардан зарур аст, ки чунин озмун дар ҷумҳурӣ аввалин маротиба баргузор мегардад. Дар озмун мардҳои синну соли гуногун иштирок доранд. Озмун бо дастгирии вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.                  Шартҳои асосии озмун бо либоси миллӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ хондани наът аст. Чунин наътҳо хусусияти динӣ дошта, одатан ба пайғамбар Муҳаммад ва ходимони машҳури динӣ бахшида мешаванд.                  Натиҷаҳои озмун имрӯз, 6 август муайян мегардад. Ташкилкунандагони озмун ҳамаи иштирокчиёнро бо дипломҳои махсус ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегардонанд.

Август 6, 2009 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад