СИСТЕМАИ НАВИ ТАШКИЛИ НАМОЯНДАГИҲОИ «СОМОН-ЭЙР»

Август 18, 2009 09:02

                 Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҷамъияти саҳҳомии ширкати ҳавопаймоии «Сомон-эйр» аз 10 август сар карда, дар қитъаи Аврупо системаи нави пешқадами ташкили намояндагиҳои худро ба роҳ андохт, ки «Amadeus» ном дорад. Аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳадафи ин иқдом зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ва мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.                  Бо истифодаи системаи мазкур дар мамлакатҳои Аврупо намояндаҳои ширкати «Сомон-эйр» кушода мешаванд. Зеро ҳамаи намояндаҳое, ки мувофиқи системаи ҳисобу китоби байни ширкатҳо кор мекунанд, бо имзои созишномаи мустақим бо «Сомон-эйр» чиптаҳои ҳавопаймоҳоро озодона фурӯхта, ва фармоиш дода метавонанд.                  Системаи «Amadeus» дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, тиҷорати электронӣ, туризм ва ҳамлу нақли берунии мусофирон ба воситаи ҳавопаймоҳо дар саросари ҷаҳон шӯҳрат дорад. Имрӯз дар намояндагиҳои гуногуни ширкатҳои мамлакатҳои ҷаҳон зиёда аз 400 ҳазор мутахассис кор мекунад. Бо кӯмаки онҳо чиптаҳои ҳавопаймоҳо, меҳмонхонаҳо, навъҳои гуногуни нақлиёт, кашондани бор ба воситаи нақлиёти роҳи оҳану киштӣ, сафару саёҳат ба баҳрҳо ва ғайраро пешакӣ фаромоиш додан мумкин аст.                  Системаи «Amadeus» ба мизоҷон ва мусофирон имкон медиҳад, ки дар бораи тамоми ширкатхои ҳавонавардии ҷаҳон маълумоти зарурӣ ба даст оранд.                 Системаи мазкур аз соли 1987 фаъолият дорад. Ҳоло намояндагиҳои он дар бештар аз 100 мамлакат воқеанд.

Август 18, 2009 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад