ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ПЕРМ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Август 4, 2009 16:33

                         Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имсол аз Тоҷикистон барои таҳсил дар Омӯзишгоҳи давлатии рақсии вилояти Перми Федератсияи Русия 4 нафар ҷавони ҳунарманду боистеъдод фиристода мешавад. 5 август дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ озмуни интихобии ҳунармандони навраси аз 10 то 12 сола гузаронида мешавад.                          Аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Тоҷикистон бо ин мактаби ҳунарии вилояти Перм чандин сол боз ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло ҷавонони тоҷик дар курсҳои дуюм ва сеюми омӯзишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд. Умед аст, ки онҳо баъди хатми таҳсил ба ватан баргашта, дар пешрафти санъати миллӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.                         Ба ҳайати доварони озмун ҳунарпешаи маъруф Сталина Азаматова роҳбарӣ мекунад. Вай зикр намуд, ки дар Тоҷикистон анъанаи рақси классикии балет аз байн рафтааст. Ҳоло одатан ба бачагон рақсҳои гурӯҳӣ ё умумиро меомӯзанду халос. Омӯзишгоҳи давлатии рақси вилояти Перм ҳанӯз то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъсис ёфта буд ва дар он роҳу усулҳо ва сирру асрори рақси классикӣ омӯхта мешавад. Омӯзишгоҳи мазкур мактаби олии ҳунарӣ мебошад ва умед аст, ки ҷавонони тоҷик дар он таҳсил намуда, ҳунари худро ҳамаҷониба сайқал хоҳанд дод, гуфт вай.  

Август 4, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад