ТАРМИМИ МАҚБАРАИ АБДУЛЛОИ ВАЛӢ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бўҳрони молиявии умумиҷаҳонӣ нигоҳ накарда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошт ва эҳёи мероси ниёгон чораҳои зарурӣ меандешад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат хабар доданд, мутахассисони Вазорати фарҳанг ба тармими яке аз ёдгориҳои меъмории дараҷаи ҷумҳуриявидошта-Мақбараи Абдуллои Валӣ дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ оғоз намуданд.Ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ 9 ёдгории бостонию меъморӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавассути маблағҳои буҷавӣ ва грантҳо тармиму барқарор шуда истодаанд. Ин ёдгориҳо на танҳо дар омўзиши таърих, санъату ҳунари гузаштагон ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи ҳисси вантандўстию худогоҳӣ, хештаншиносию поси хотири ниёгон, балки ҳамчун объекти туризми байналмилалӣ дар муаррифии таърихи тоҷикон ба ҷаҳони муосир аҳамияти муҳим доранд. Аксари ин ёдгориҳо аз ҷиҳати сохт, санъати меъморӣ ва аҳамияти худ дар Осиёи Марказӣ ягона буда, аллакай диққати бисёр сайёҳон ва дўстдорони таърихро ба худ ҷалб кардаанд. Ҳамчунин, лозим ба ёдоварист, ки аз аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва тармиму истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии вазорати мазкур Мақбараҳои Абдуллои Валӣ (Айнӣ), Абдулқодири Челонӣ ( Истаравшан), Қалъаи Ҳулбук ( Восеъ), Имом Зайналобиддин (Ҷиликўл), Хоҷаи Зарринӣ ( Данғара), Хоҷа Аҳмади Бузург (Панҷакент), эҳёи девори Ҳулбук ( Восеъ), эҳёи қалъаи Вомар (Рўшон), тармими Мадрасаи Хоҷа Машҳад бо маблағи умумии 608, 1 ҳазор сомонӣ барқарор шуда истодаанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






