ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБАИ ИҚТИСОДӢ — ТИҶОРАТӢ

Сентябрь 8, 2009 08:40

               Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Солҳои охир муносибатҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Ҳиндустон то рафт рушд менамояд.                 Бино ба гуфти сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингх солҳои охир иқтисодиёти Ҳиндустон ба тадриҷ рушд кард, ки ин барои инкишофи муносибатҳои тиҷоратӣ — иқтисодии давлати Ҳиндустон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеӣ шуда метавонад.                Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ перомуни суханони сафир иброз дошт, ки сафари президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар раванди муносибатҳои нави ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ миёни ин ду давлат саҳифаи нави ҳамкориҳоро боз хоҳад кард.                 -Гувоҳи ин ҳамкориҳо, азнавсозии аввалин нерӯгоҳи барқи обии «Варзоб» аст, ки мутахассисони Ҳиндустон ба таҷдиди он шурӯъ карданд ва дар вақти муайянгардида онро ба истифода хоҳанд дод,-афзуд вазир. 

Сентябрь 8, 2009 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд