АСАРИ НАВИ САҲНАВӢ
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Мавсими нави театрӣ дар театри академӣ драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши асари саҳнавии «Шов-шов» шурӯъ мегардад. Мавсими нави театр 23 сентябр кушода хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори театр Ибодулло Машрабов хабар дод. Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг ба намоишномаи мазкур баҳои мусбат дода буд. Муаллифони он драмнависони маъруф Низом Қосимов ва Ҷумъа Қуддус мебошанд.И. Машрабов зикр намуд, ки барои ҷашни театр, ки дар моҳи ноябр баргузор мешавад, ҳунармандони театр ба ӯҳда гирифтаанд, ки ду асари нав ба саҳна мегузоранд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






