БОЗДОШТИ ЗАНИ НАШЪАҶАЛЛОБ

Сентябрь 8, 2009 16:55

               Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Кормандони гумруки фурӯдгоҳи пойтахт боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадорро ошкор ва пешгирӣ намуданд.                 Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, 8 сентябри соли ҷорӣ ҳангоми ба расмият даровардан ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри Душанбе-Алма -ато таҳти №4797 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризвонова Гулнораи 37 — соларо дар интиқоли ғайриқонуни маводи наш]аовар таваcсути сарҳади ҶТ гумонбар дониста, аз парвоз боз доштанд.               Баъд аз тафтишот аз ҷомадони ӯ 2 килограмм нашъа дарёфт гардида, муайян карда шуд, ки маводи сахттаъсири героин будааст.                Нисбати Ризвонова Гулнора парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба прокуратураи нақлиёти ҶТ барои тафтишот равон карда шуд. 

Сентябрь 8, 2009 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад